“Кишвари сабз” гуфта, мавзеъ дар назар дошта мешавад, ки дар он иқлими муътадил, боду ҳавои мусоид, табиати сабзпӯш мавҷуд буда, сокинонаш дар оғӯши табиати сабзи иборат аз гулзору дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан зиндагонӣ мекунанд.
Дар ин маврид зисту зиндагонии мардум беҳтар гардида, сатҳи иҷтимоию иқтисодии онҳо ба таври назаррас баланд мешавад.
Дар ин раванд имрӯз дар ноҳияи Хуросон бо ҷалби сокинон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардида, заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуда, ҷойҳои ахлотпарто ба тартиби муайян дароварда шуданд.
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти ноҳия вазифа гузоштааст, ки барои беҳбудии саломатии сокинонаш муҳити зисти мусоидро фароҳам созад.
Мувофиқи ин нақша, канори роҳҳои ҳудуди ноҳияи Хуросон сабзкорӣ ва дарахтзор гардида, майдонҳои сабз ва ҳудуди табиии махсус ҳифзшаванда ва амнияти экологии аҳолиро таъмин карда мешавад.
Маҳз ин Барнома бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдадти миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю кӯшишҳо оғоз аз соли 2020 баҳри боз ҳам устувории шаҳри сабз, амалӣ шуда истодаанд.
Аксҳо аз рафти кор:

