ХУРОСОН: НАҚШИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Хабарҳо

Дар асоси накша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори қудратӣ бо волидайни хонандагони мактаби№ 1 тахти унвони “Нақши волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод, сардори Кумитаи давлати амнияти миллӣ дар ноҳия – Сатторов Икромҷон, сардори ШВКД дар ноҳия – Искандарзода Муҳаммад ва аъзоёни гурӯҳи корӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки хушбахтии аҳли ҷомеа, тараққиёти ояндаи ҷамъият, осудаҳоливу некуаҳволии мардум аз бисёр ҷиҳат ба ҳамкории зичи мактабу оила вобастагӣ дорад.

Ҳамзамон масъалаҳои сифати таълиму тарбия, пешгирии омилҳои номатлуб аз тарафи ноболиғон, пешгирии ҷинояткорӣ, таҳлили ноболиғони аз таҳсил дурмонда ва нақши волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд баррасӣ гардиданд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: