Хуросон. Баротов Зиёдулло барандаи -Ҷоми ҷаҳон гардид.

Хабарҳо

Боиси ифтихораст, ки дар баробари дигар варзишгарони номии ноҳияи Хуросон боз як нафар варзишгари бонангу номус, парчамбардори миллат Баротов Зиёдулло, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, ширкат варзида, сазовори медали тилло гардид. Ин варзишгар дар байни дигар давлатҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло намуд. Бо ташабуси раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир Мурод дар ноҳия ин варзишгари номиро, ки аввалин шуда дастоварди соли 2026-ро ба ноҳия ворид намуд ва ин ифтихори ҳамаи мо сокинон ба шумор меравад бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирифта шуд.