Дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ҷамъбаст намудани соли 2026, “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, инчунин сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бо ташабуси кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоъатҳо ва сокинони маҳаллӣ ба ҳашари умумӣ баромада ду шафъати шоҳроҳи байналмилали ва кӯчаю маҳаллаҳоро аз партовҳои пластикӣ ва дигар намуди партовҳо тозаю озода намуданд. Инчунин дар шафъати шоҳроҳо ва кӯҳу пушта шинонидани дарахтони сояафкан ва мевадиҳандаро ба роҳ монданд. Дар назди корхонаҳо бошад гулҳои мавсими ва газон шинонида шуд. Чунин иқдом ҳар ҳафта идома хоҳад ёфт.

