ХУРОСОН: 14 – УМИ МАРТ – РӮЗИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА
Имрӯз, 14 марти соли 2026 ба муносибати Рӯзи прокуратура раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод Прокурори ноҳия ва кормандони прокуратураи ноҳияи Хуросонро бо иди касбӣ табрик намуд.
Қайд гардид, ки Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ буда, вазифаи асосии он аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи барои хизмати содиқона ва фаъолияти пурсамар ба кормандони прокуратураи ноҳия Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Аксҳо:
