ХУРОСОН: НАВРӮЗ ҶАШНИ НИЁГОНИ МО.

Хабарҳо

ХУРОСОН: НАВРӮЗ ҶАШНИ НИЁГОНИ МО.
Имрӯз 23.03.2026 дар маркази ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлия Ашуриён Музаффар ва муовини сардори РСМС ва НА дар вилояти Хатлон – Шарифзода Назрулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вазири адлия сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷлили рӯзи Наврӯз табрик гуфта, қайд намуд, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллӣ ва фархундаи ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад.
Ҳамзамон, кайд гардид, ки Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Ин ҷашн ҳамеша бар рамзи таҷдиди тозагӣ, покизагӣ ва шодиву хушбахтӣ фаҳмида мешавад.
Барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони маҳбуби ҷумҳурӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: