ХУРОСОН: ДАР ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ – ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ АФЗУДАНИ БАҚИЯПУЛИҲОИ АНДОЗ
Рӯзи 18 марти соли 2026, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавзӯи “Вазъи ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди муайян кардани сабабу омилҳои афзудани бақияпулиҳои қарзи андоз ва рӯёнидани онҳо дар давоми соли 2025” бо иштироки фаъолон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ баргузор гардид.
Дар Шӯрои мазкур Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон, Маҳмадшозода Манучеҳр Мирзошо – прокурори ноҳияи Хуросон, мушовири адлияи дараҷаи 1, Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ – сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон, генерал майори милитсия, Сайдаҳмадов Ҳасан – иҷрокунандаи вазифаи сардори КДАМ дар ноҳияи Хуросон, майор, Қодирзода Зафар – сардори нозироти андози ноҳияи Хуросон иштирок ва баромад намуданд.
Зикр гардид, ки рушду нумуи устуворро касб намудани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, сол аз сол иҷро ва ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ, аз ин ҳисоб ба истифода додани муассисаҳои таълимию тандурустӣ, таъмиру тармими онҳо, дастгирии иҷтимоии чашмраси аҳолӣ аз иҷрои қонунгузории
андоз сарчашма мегиранд.
Ҳамзамон вобаста ба тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия оид ба таъмини риояву иҷрои талаботи қонунгузории андоз суханронӣ карда шуд.
Аксҳо:
