16-уми ноябри соли 2018, ба маҳзи ифтитоҳи фаъолияти чархаи НБО «Роғун», рӯзи ҷанозаи ҲНИ дар ғарибӣ эълон карда мешавад. Ба маросими ҷаноза ва дафнкунии майит инҳо даъват мешаванд:
1. Саидюнуси Истаравшанӣ бо лақаби «Кури олусӣ» бо китоби «Наҳҷ-ул-балоға»;
2. Мирзои Салимпур, ҳомии равияи неомуллогӣ дар Прага;
3. Муҳаммадиқболи Садриддин, қаландари дарбадари салафимаоб, Қатар;
4. Темури Варқӣ ва асҳоби Каҳфи фаронсавӣ бо қутти винои мартини;
5. Алим Шерзамонов, бо ширчойи омехта бо арақи италиявӣ вермут;
Дигар меҳмонони туфайлӣ тушаашонро бо худ биёранд, зеро бинобар камчинии кумакҳои охундӣ, садорати ҲНИ наметавонад, масрафи хурокхурӣ, будубош ва хушгузарониҳои «азизакони дил»-ро таъмин кунад. Танзим рафиқон да… Фаҳмед моро. Пули имсола барои хариди акоямон Акоша дар Варшава сарф шуд.
Сипас, баъд аз мотам барои вақтгузаронӣ «меҳмонони олиқадр» дискотека бо стили РЕП, вайҷунбонӣ ва рақси эронӣ гузаронида мешавад.
Пештозони дискотека аъзои паймонаки зиддимиллӣ бояд бошанд, зеро халқ фаҳмад ва онҳо ҳам муаррифӣ шаванд, ки симои оппозисиюни носкаши хориҷимаоби фирории шикампарвар чӣ гуна мебошанд.
Бегоҳ дар ҷойи намоз, боз ҳам бинобар набудани пул, гарсӯз ва обтезак бо қаламфур пешкаш мешавад. Меҳмонакои касаливу бемор, мисли Алим, Темур ва амсолуҳум, ки фишори баланди хун доранд, метавонанд, обаки водопровод бинӯшанд, хеле фоида дорад.
Ҳама меҳмонҳои аз дур омада, эй бало занад бепуливу ғарибиро, барои хобравӣ дар тротуари Франкоштрасси Берлин ҷойгир шаванд ё дар метрои ҳамсоя. Бародарони аҳли ислом вазъиятро фаҳмед, курорти Карловый Лавры рафтан даркор. Ин ҷанозаҳо мегузаранд, вале кайфу сафо мемонад, афзуд раҳбари ҳифзи шодравон Кабирӣ.
Маъракаи 3, 7, 40, сол ва 80-солагии ёдбуди ҲНИ дар ҳамин ҷо, дар ғарибӣ ва дар бекасиву бенавоӣ гузаронида мешавад. Дӯстон худашонро рӯхан омода кунанд.
Аз номи Раёсати олии ТТЭ ҲНИ, Баёни Ғармӣ