Нуре, ки наҳзатсӯз мегардад

Хабарҳо

16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик саҳфаи наве зам мегардад. Саҳфаи пур аз ифтихор, саҳфаи ҷашну шодӣ. Саҳфаи ба маънии томаш Нурбахшу Нурбор.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор медарояд. Аввалин шуълаҳои ҷонбахшаш рӯзгори мардуми кишварро боз равшантар месозанд. Алорағми ҳама душманиҳо, монеасозиҳо, нобовариҳо ва шаку шубҳаҳо.
Дилҳо аз шодӣ ба ваҷд омадаву табассум дар лабҳои фарзандони миллат гул мекунад. Чун беҳтар гуфта наметавонам, мехоҳам чакидаҳои яке аз ҷавоншоирони миллат Беҳрузи Забеҳуллоро бо тағйири як мисраи он (албатта, аз шоир маъзарат мепурсам) рӯйи коғаз орам, ки дар ҳақиқат:

Имрӯз рӯзи нур аст,
Рӯзи пур аз сурур аст,
Чашми ҳасуд кӯр аст,
Аз нури поки Роғун!

Манзур аз «ҳасуд» гуфтан миллат, қавми дигаре нест. Он душмани хона ва кӯрдили худист, ки камар дар хизмати дигарон бастаю дар рӯзи сахти миллат шодӣ мекунаду дар хурсандиаш мотам мегирад. Оғози кори Роғун амалан барои ин идда мотам аст. Хусусан барои Кабирию ёрони фурӯхташудааш. Зеро бардошти ҷашну тӯйи тоҷикро на онҳо доранду на хоҷагони мазҳабиашон. Нури Роғун чашми аввалиҳоро хираю дили дуввумиҳоро тира месозад. Ва чун мори афъӣ аз қаҳр дар худ мепечанд, заҳри дар муқобили Тоҷикистон кора накардаашонро ҷониби ҳам мепошанд. Хадамоти махсуси Эрон аз қаҳр тавқи бар гардани Муҳиддин Кабирӣ бастаашонро тангтару тангтар мекашанд. То роҳбари шармандаю фирории наҳзати террористӣ бештару бештар нафасгир гардаду дар талвосаи ҷуброн намудани маблағҳои хӯрдаи охундӣ даст ба кори дигаре алайҳи миллату ватани худ занад.
Зеро ташкилоти навсохтааш бо номи «Паймони зидимиллӣ» барояшон чизе надод. (Барои худи Кабирӣ фоида овард: якум боз аз хазинаи охундии «Аҳли байт» маблағи муайян дарёфт кард. Ҳамзамон, онҳоро гӯл зада аз вожаи «исломӣ», вожае ки арзи вуҷудаш дар ҲНИ ақлу ҳуши ин охундонро рабуда буд, барои ҳамешагӣ халос шуд).
Вале фиреби «паймон»-созиаш кора накард. Ҳатто аврупоиҳо ҳам фаҳмиданд, ки дар асл ин «паймон» байни худи наҳзатиҳост. Наҳзатиҳое, ки ба хотири зиёд нишон додани худ, бо тавсия ва маблағгузории хоҷагони охундашон чанд созмонро ба қайд гирифтаанд. Кистанд аъзоёни ин гурӯҳҳо?
Созмони ба ном «Озодандешон», ки ҳамагӣ панҷ нафар аъзои худфурӯше мисли рӯзноманигори беасл Темур Кличев (Қарқӣ), Равшани Темуриён (лӯттие аз Истаравшан), Кӯри Саидюнус, Алим Шерзамонови бангӣ ва кадом як Боиров; ҷунбиши ба ном «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» иборат аз чор нафар: Шарофиддин Гадоев, Мавҷуда Соҳибназарова ва ду нафари дигар; ба истилоҳ «Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна», ки аз ҷониби собиқ раиси бахши наҳзати террористӣ дар вилояти Суғд И. Ёқубов ба қайд гирифта шудаасту ҳоло аъзо надорад, ба ҷуз чанд хешу табори худи ӯ.
Ҳамаи инҳо барои Кабирӣ як лоиҳа – ҳиллаи навбатианд то «бизнес»-и хонаводагиашро аз ҳисобашон як муддате пеш барад. Фардо онҳо барояш барраи қурбонианд, чун ҳамҳизбони собиқаш, ки гушаю ташна дар маҳбасхонаҳо «истироҳат» доранд.
Барои ҳамаи ин тоифа фардо рӯзи мотам аст. Шояд ҷамъе аз онҳо хурсандии диёри бобогиашонро натавонанд таҳаммул кунанд ва аз ғояти ҳасаду нотавонбинӣ заҳракаф шуда, ин дунёро падруд гӯянд. Ин хел шавад боз барояшон беҳтар хоҳад буд. Чунки он сӯзише, ки аз оташи ҷаҳаннам эҳсос мекунанд, пеши нури дурахшони «Роғун» ҳеҷ аст.
Агар қисмеро аз онҳо ақл бар ҷаҳлашон ғолиб ояду боре сарнавишти ҳамҳизбони собиқи Кабириро ба хотир оранд, аз ӯ дур хоҳанд шуд. Агар не, тақдирашон маълум аст. Шахсан дили ман барои онҳо намесӯзад. Зеро «хас каму ҷаҳон пок» гуфтаанд.

Исломиддини Азим,
аспиранти Академияи илмҳо