ПАРГОРИ РАВШАНФИКРӢ ДАР ПАРТАВИ ИФТИТОҲИ НБО «РОҒУН»

Хабарҳо

Паргор, афзор ва олатест, ки барои кашидани доира (давра) ва чен кардани порчаҳо, кӯчондани андозаҳо ва тағйир додани миқёси ин андозаҳо ба кор бурда мешавад.

Паргор дар миёни мутафаккирони форс-точик ба маънии фалсафӣ, аз ҷумла истилоҳҳое чун «ҷахони гирдгардон», «чархи фалак», «даври гардун», «паргори фалак», «гарданда паргор» ва амсоли инҳо машҳур аст.

Яъне рамзи дар ҷараёни доимӣ будани ҷаҳон низ будааст, ки дар миёни мардум бисёр маъруф аст.

Нерӯгоҳи «Роғун» бо тоб хӯрдани чархаи нахустинаш паргори миллати тоҷикро ба ҳаракат даровард ва ҷараёни азалӣ будани асолати ин миллати куҳанбунёдро дар пеши ому хос ба намоиш гузошт.

Ҳикмати паргори оппозитсияи вайронманиш бошад дар чӣ ифода меёбад? Кӯшиш мекунем бо такя ба маводи воридшуда аз доираҳои наздик ба ҳизби наҳзат ба ин саволҳо посух диҳем:

1. Вилояти Қурғонтеппа, ки дар саргаҳи рифоҳу осоиштагӣ қарор дошт ва ними ҷумҳуриро дар айёми хукумати Шӯро, бо маҳсулоти саноатӣ ва зироатӣ таъмин мекард, бо майдонкашиҳои деҳқонҳои ин вилоят ба манфиати оппозитсияи мазҳабӣ, валангор ва мардумаш ба давлати ҳамсоя фирорӣ шуданд;

2. Равшанфикронро ба гарави ифротият кашонданд. Ҳаракатҳои зоҳиран раворо ботил сохтанд. Айнан ҳамин ҳолате ки «Паймони зиддимиллӣ» ташкил кардаанд. Паргори оппозитсия дар ин мавзӯъ баръало нишон дода мешавад.

3. Падидаи дигаре ки равшанфикрони он замон ба он моил буданд ва фаҳмидаву нофаҳмида ҷомеаро ба бероҳагӣ ҳидоят медоданд, мафтуншавӣ аз тимсоли мулло ва падидаи эшонпарастӣ буд. Ин тамоюли муллопарастӣ ба сони баъзе кишварҳои «ҳамзабон», то андозае зиёд буд, ки шиорҳои равшанфикрони ин давра, аз тарафдорони ҳуҷҷатисломиҳо тафовут надошт. Яъне ба таври нохудогоҳ, тандеми мулло ва равшанфикр ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди Тоҷикистони навпо ва тоза ба Истиқлол расида, таҳрик карданд ва ба ҷабҳагирии хилофи манфиатҳои дарозмуддати мардум, водор менамуданд. Ин ҳам тахриби равобити байналмилалии ҷумҳурӣ аз ҷониби ин табақаи ғӯтавар дар андешаҳои хоми худ буд, зеро бобати оянданигарӣ ва тақдири миллат иттилооти саҳеҳ ва тавони тавони таҳлилу таҷзияи қонунҳои ҷомеаро надоштанд.

Ифтитоҳи Роғун-пайти муносиб ба равшанфикрони фирорист, то ба масири миллатсозӣ баргарданду ҷабҳаи наҳзатиҳоро раҳо кунанд.

Роғун муборак, ба наҳзат тасалият изҳор менамоем.

Фидо Бахшов, коршинос