Имрӯз миллате, ки аз қадимулайём ба нур ва рушноӣ ҳамчун таҷаллӣ ва таҷассуми Аҳурамаздо ва мабдаъи офаринишу зиндагӣ арҷгузорӣ мекард, худ офарандаи нур ва рушноӣ шуда. Ин миллати равшанзамире, ки зодаи қаламрави хуршедист ва аз бомдоди таърих то ба ҳанӯз бо зеҳни рушани хеш масири фарҳангу тамаддуни башариро пурнур кардааст, алъон бо қудрати бозувони худ аз об нур меофарад. Имрӯз рӯзи тантанаи рушноӣ ва таваллуди нур аст.
Сарзамини файзбори мо дорои захираҳои обии фаровон ва беназире аст, ки он бидуни шак камбуди манбаъҳои нафту газро ҷуброн карда, заминаи мусоиди дастёбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истиқлоли энергетикӣ мегузорад. Бунёди нерӯгоҳҳои обии барқӣ, ки он дар шароити кунунии гармшавии иқлими ҷаҳон ва глобализатсия дар қиёс ба дигар сарчашмањои истеҳсоли энергия, аз ҷумла дар қиёс ба нерӯгоҳҳое, ки ба василаи сӯхтани атом ва ангишту нафт барқ истеҳсол мекунанд, яке аз манбаъҳои аз дидгоҳи экологӣ безарар ва бехатари истеҳсоли нерӯи барқ буда, куллан ба муҳити зисти башарӣ ва экосистема таъсири номатлуб намерасонад. Боиси хушнудист, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обие аст, ки метавонад манбаъи безарару бехатари истеҳсоли энергия дар минтақа бошад. Дар шароити кунунӣ дар қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ, ки аҳолии онҳо бештар аз 300 млн нафар аст ва талабот ба нерӯи барқ дар ин кишварҳо беш аз пеш меафзояд, табдили нерӯи ройгон равони обҳои мусаффои Тоҷикистон ба энергияи электрикӣ на фақат ба нафъи мардуми кишвари мо, балки ба нафъи тамоми сокинони кишварҳои ин минтақаи густурдаи ҷаҳон аст.
Бунёди НБО-и Роғун, ки лоиҳаи он ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия шуда буд, метавонад яке аз омилҳои ҳалли мушкилоти глобалии сатҳи минтақа дар самти норасоии нерӯи барқ бошад. Ин иншооти аср Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиби яке аз азимтарин ва пурқудраттарин нерӯгоҳҳои обии ҷаҳон хоҳад кард, ки иқтидори он бо шаш агрегати муқтадир баъди комилан ба фаъолият шурӯъ карданашон 3600 МВт хоҳад буд. НБО Роғун метавонад дар як сол 13,1 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол созад.
НБО Роғун барои кишвари мо илова ба аҳамияти энергетикиву иқтисодӣ дорои аҳамияти стратегӣ низ мебошад. Он метавонад яке аз пояҳои муҳкам ва устувори тавлиди иқтидори миллии кишвари мо гашта, Тоҷикистонро соҳиби қудрати минтақавӣ намояд. НБО-и Роғун заминагузори саноатикунонии минбаъдаи кишвари мо ва ҷаҳиши бузурги иқтисодии Тоҷикистон хоҳад шуд. Пас аз бунёди ин иншооти воқеан бузургу беназир ҶТ метавонад аз кишвари муҳтоҷ ба нерӯи барқ ба кишваре табдил ёбад, ки содиркунандаи нерӯи барқ хоҳад буд.
Тибқи арзёбиҳо ва таҳлилҳои коршиносони дохиливу хориҷӣ сохтмони НБО Роғун на танҳо ба манфиати кишвари мо, балки ба нафъи ҳамсоякишварҳо ва ба вижа ҷумҳуриҳои исломии Афғонистону Покистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ хоҳад буд. Пас аз бунёди иншооти мазкур ин кишварҳо метавонанд нерӯи барқро аз Тоҷикистон бо нархи арзон харидорӣ намуда, аз ин ҳисоб масрафи нафту газу ангиштро барои истеҳсоли энергия дар дохили кишварашон кам кунанд ва маводи сӯхти гаронбаҳои аз ин ҳисоб сарфашударо ба хориҷи кишвари худ содирот намоянд.
Бояд гуфт, ки дар робита ба баъзе масъалагузориҳо бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони НБО Роғун ва обанбори он тахминан 3 сол аз санҷиши ҷиддӣ гузаронида шуд. Боиси хушнудии мардуми кишвар аст, ки аз ҷониби ин гурӯҳи санҷишии сатҳи байналмилалӣ бунёди НБО Роғун барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар дониста шуд.
Дар таърихи 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозери вазнин дар тӯли беш аз якуним соат, яъне аз соати 10-и субҳ то 11:30-и нисфирӯзӣ бо тамба кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки бояд иртифоъи он 335 метр бошад, ҳусни оғоз бахшиданд. Баъди ба туннелҳои обпарто равона кардани маҷрои дарёи Вахш бунёди сарбанди НБО Роғун мутобиқи нақша шурӯъ шуда то кунун мунтазам идома дорад. Арзиши корҳои марбут ба бунёди ин сарбанд тақрибан ба 1,9 млрд ва арзиши умумии НБО Роғун ба 3,9 млрд доллари амрикоӣ баробар аст.
Дар асоси нақша марҳилаи аввали фаъолият ва баистифодадиҳии НБО Роғун дар охири соли 2018 бо таҳрики аввалин агрегати он бояд шурӯъ гардад. Агрегати дувумини ин нерӯгоҳ бояд моҳи апрели соли 2019 ба кор дароварда шавад.
Баъди бунёди НБО Роғун ҳаҷми умумии обанбори он 13,3 км³ хоҳад шуд, ки ин обанбор минбаъд на фақат бо мақсадҳои энергетикӣ, балки бо ҳадафҳои ирригатсионӣ низ метавонад мавриди корбурд қарор дода шавад. Бо истифода аз ин обанбор имкон дорад, ки беш аз 300 ҳазор гектар қитъаҳои заминҳои беоб обёрӣ карда шаванд.
Боиси тааҷҷуб аст, ки бунёди ин гуна иншооти муҳими миллиро баъзе нерӯҳои бадхоњу вопасгарои ҷомеаи мо, алалхусус роњбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ аз қабл ҷонибдор набуданд ва бо амалњои палидонаашон њамеша кўшиш мекарданд, ки ба сохтмони он монеа пеш оранд. Феълан низ нањзатињо ва як гурўњ ќаламбадастони расонањои хабарии ифротї ҷонибдори бунёди НБО Роѓун нестанд ва амалњои нангинеро бар зидди он анљом медињанд. Аммо дигар аз дасташон ягон коре намеояд ва ба маќсадњои нопокашон намерасанд.
Оре, имрӯз рӯзи таваллуди нуру ҷашни рушноӣ ва тантанаи нерӯҳои Аҳуроӣ дар ҷомеаи мост, аммо ҳамзамон ин ҷашн рӯзи мотаму сӯги нерӯҳои Аҳримании зулматсириште чун пайравони ТТЭ ҲНИ низ мебошад.
Зулматсириштон аз нур тарсанд,
Хаффош дар ранҷ аз офтоб аст!
Хусрави Шерзод