Мутобиқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар санаи 10.07.2023 маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 гузаронида шуд.
Дар кори маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия муҳтарам Музафар Ашуриён Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Инчунин, дар толор муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисону кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, эмомхатибон, директорон ва муҳосибони муассисаҳои таълимӣ, соҳаи тандурустӣ, шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, раисони маҳалла, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаъолон ва намояндагони вобасташудаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Баромади муҳтарам раис
Ҳозирини гиромӣ!
Дар муҳокимаи масъалаҳои маҷлиси имрӯза фақат як масъала «Ҷамъбастии натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023»