“ҶАВОНОН – НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ИҚТИДОРИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА”.

Хабарҳо
Таҳти унвони “Дар сиёсати Пешвои миллат устуворем” ва бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон имрӯз 21-уми май дар ноҳияи Хуросон аксияи тарғиботӣ “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.
Дар баргузории аксияи мазкур муовини раиси ноҳияи Хуросон Турсунзода Дӯстмурод иштирок намуда, қайд намуданд, ки ҷавонон ояндаи миллат буда, пайрвони сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ҳамзамон иброз дошт, ки ҷавонони ватандусту ватанпарвари мо дар ҳамаи соҳаҳои муҳими давлатдорӣ кору фаъолият намуда, дар ҳифзи марзу буми Ватан содиқона устуворанд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: