Санаи 11 июли соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон таҳти раёсати раиси ноҳияи Хуросон Суризода Н.М. бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳакимзода Асадулло, ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муовини раиси Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон – Аскаралӣ Соҳибназарзода ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид.
Аз рӯи рӯзномаи ҷаласа муовини якуми раиси ноҳия ахборот дода, натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 – ро баррасӣ намуд.
Ҳамзамон дар ҷараёни баррасии ахборотҳо фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия – нозироти андоз, Раёсати молия, Амонатбонк, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши омор, кишоварзӣ, маориф ва дигар соҳаҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳакимзода Асадулло суханронӣ намуда, баҳри саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода, масъулинро муваззаф намуданд, ки дар рушди иқтисоди иҷтимоии ноҳия масъулияти баланд нишон дода, ҳар як шаҳрванд саҳмгузор бошанд.
Инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – Соҳибназарзода Аскаралӣ ба сухан баромада афзуданд, ки нишондодҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияро ба тарзи мушаххас ва дақиқ таҳлил намуда, сари вақт ба мақомоти вилоят пешниҳод карда шавад.
Дар анҷоми ҷаласа баъзе аз раҳбарони идораву муассисаҳо, ки дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия ва нишон додани масъулияти баланд дар иҷрои нақшаҳои нимсола бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Аксҳо аз рафти ҷаласа: