АМНИЯТИ МИЛЛӢ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД

Хабарҳо

Амнияти миллӣ яке аз масъалаи муҳимтарини ҷомеаи имрӯза мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳар гуна таҷовузҳои зидди ҳуқуқӣ нигоҳ медорад.

Таҳти чунин унвон имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси ноҳия – Суризода Н.М. ва сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон – Мирзоев Н.М. бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Хуросон суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Қайд гардид, ки яке аз масъалаи мубрам ва мушкилии имрӯза ин шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ мебошад.

Зикр гардид, ки барои пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб барои ҳар яки мо зарур аст, ки байни ҷомеа бахусус байни ҷавонон корҳои тарғиботӣ – ташвиқотиро ба роҳ монем.

Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Хуросон – майор Сатторов Икромҷон Аҳмадҷонович муаррифӣ карда шуд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: