Имрӯз бо иштироки раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир ва намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, вазири адлия – Музаффар Ашуриён, Анзурат Абдусаломзода – муовини раиси вилояти Хатлон дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду деҳа: Файзалӣ Ғаниеви ҷамоати деҳоти Қизилқалъа ва Ҷавонӣ-1 ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ бунгоҳҳои саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, ки биноҳо аз даромадгоҳҳо, қабулгоҳҳо, ҳуҷраҳои ташхис, муоина ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди шиносои аз ҳуҷраҳои бунгоҳ изҳор доштанд, ки ин гувоҳ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати шаҳрвандон мебошад.
Аксҳо: