Дар асоси нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯз вохӯрии судманд бо сокинони Ҷамоати Ғаллаобод баргузор гардид.
Дар вохӯри раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия – Сатторов Икром ва муовини сардори ШВКД иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки вохурии мазкур бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти амалӣ намудани қонунҳои амалкунанда, пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷаншу маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва ба тарзи дахлдор ба роҳ мондани корҳои созандагиву ободкорӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ карда шуданд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: