Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри амали намудани қонунҳои амалкунанда, пешгирии экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои манъшуда, ҷинояткорӣ, таълимоти ғайрирасмӣ, пӯшидани сарулибоси ба фарҳанги мо бегона, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз санаи 19 сентябри соли 2024 бо иштироки раиси ноҳия – Суризода Носир, сардори КДАМ дар ноҳия – Сатторов Икром, муовини сардори ШВКД дар ноҳия
суҳбату вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати Ҳилолӣ гузаронида шуд.
Қайд гардид, ки тавваҷуҳи роҳбарияти Олии мамлакат ба соҳаи маориф зиёд буда, барои омӯзгорон ва волидайн зарур меояд, ки талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: