ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ҲАШТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ХУРОСОН (даъвати шашум).

Хабарҳо

Рўзи 25.09.2024 дар толори васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон (даъвати шашум), баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

1. Рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” Дар бораи маориф”.

2. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Хуросон аз 05.03.2021, № 118 “Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 12.08.2020, № 221 “Доир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2020, № 293 “Дар бораи Барномаи саноатикунони босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025”.

3. Гузориши сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Хуросон аз 14.04.2021, № 185 “Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 26.02.2021, № 48 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025”.

4. Ҳисоботи комиссиияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон “Оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурӯстӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон ва варзиш”.

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Оид ба тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Хуросон, ки дар байни иҷлосияҳои бисту ҳафтум ва бисту ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон даъвати шашум қабул гардидаанд.

Дар маҷлиси вакилони ноҳия намояндаи МИҲД-и вилояти Хатлон, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят – Маҳмадализода Шавқат иштирок доштанд.

Аксҳо аз рафти ҷаласа: