Дар ноҳияи Хуросон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат, рукни устувори давлатдории мустақил, кафили бақои миллату тамаддуни оламгир забон мебошад.
Раиси ноҳия сокинонро ба Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, таъкид доштанд, ки арҷгузорӣ ба Рӯзи забони давлатӣ барои мардуми фарҳангдӯсти кишвар, аҳли илму маориф, соҳибони забони нобу кӯҳанбунёд рамзи неки иттиҳоду ҳамбастагӣ ва фаъолияти созандаву дастаҷамъона дар партави сиёсати хирадбунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат қарор дорад.
Барномаи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинии тантанавӣ гардид.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: