Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри дар амал тадбиқ намудани қарори Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2022, № 439 имрӯз Барномаи ракамикунонии муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Хуросон оғоз гардид.
Барномаи мазкур барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва ба тарзи дахлдор ба роҳ мондани ҳамкории волидайн бо омӯзгор мусоидат хоҳад намуд.
Барномаро ташкилоти Е.Khonish амалӣ намуда, дар нақша аст, ки тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия аз Барномаи зикргардида бархурдор хоҳанд гашт.
Аксҳо аз рафти кор: