САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИНҲОИ КОРАМ ЗЕРИ НАЗОРАТИ ҶИДДӢ ҚАРОР ХОҲАД ДОШТ.

Хабарҳо

Дар ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои корам вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки дар асоси дастуру супоршҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як қитъаи заминҳои кишоварзӣ самаранок истифода бурда шуда, тибқи нақшаи дурнамо кишти зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шаванд.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаобод 3231га заминҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, тибқи нақшаи дурнамо кишти пахта, ғалладонагӣ, гандум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: