Тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯз дар Кохи Хуросон бо ҷалби тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия Конференсияи ноҳиявӣ таҳти унвони “Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ кормандони соҳаи маориф-омили муҳими муқовимат бо коррупсия” доир гардид.
Дар Конференсия намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон – Давлатзода Собирҷон Ғафур – майори адлия, Раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии корупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – муовини раиси ноҳияи Хуросон Шарифзода Идигул иштирок ва баромад намуданд.
Дар рафти чорабинӣ қайд гардид, ки даст задан ба коррупсия ин амали номатлуби ҷомеа буда, зарари басо нангинро ба давлат ва ҷомеа оварада мерасонад.
Аксҳо аз рафти конференсия: