Имрӯз, 10 декабри соли равон Конференсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ҷашни 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 – солагии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар Конференсия Турсунзода Дӯстмурод – муовини раиси ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлоли кишварамон ба ҳисоб рафта, барномаву ҳадафҳои оинномавиаш аз орзуву ормонҳои мардум сарчашма мегирад, дар солу замоне ба саҳнаи сиёсат ворид гардид, ки кишварамон раванди таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва мафкурасозии ҷомеа ва руҳияи барқарорсозии пайомадҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамзамон ҷараёни музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа оғоз гардида буд.
Поягузори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аксҳо аз рафти конференсия: