ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28 декабри соли 2024 дар толори Қасри фарҳанг вохӯрӣ бо фаъолони ҷамоати шаҳраки Хуррамшаҳр баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ гурӯҳи корӣ муовини раиси ноҳияи Хуросон – Турсунзода Дӯстмурод, раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Аминов Алимаҳмад ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Назаров Элназар баромад намуданд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: