Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғоз аз 22-юми январи соли равон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ бо иштироки Суризода Носир – раиси ноҳияи Хуросон, Соҳибназарзода Аскаралӣ – муовини Раёсати стандартизатсия, методология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон, Сатторов Икром – сардори КДАМ дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сокинони ҷамоати деҳоти Сурхқалъа баргузор гардид.
Қайд гардид, ки Паём роҳнамои асосии раванди инкишофи ҷомеа ба ҳисоб рафта, таҳлилгари Рушди иқтисодию иҷтимоӣ кишвари азизамон ба хисоб меравад.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:


