23 феврал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Хуросон имрӯз дар Кохи Хуросон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуда, қайд намуд, ки бо заҳмату дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи лозима ва зарури тавонманд ва неруманд гардиданд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон барои хизматҳои арзанда ба як қатор сарбозон, афсарон ва собиқадорони меҳнат ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дода шуда, барномаи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:


