Бо мақсади арҷ гузоштан ба ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик — Наврӯз чанд сол инҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Ин ҷашни бузург аз айёми эҳёи табиат мужда расонида, ба ҳар як хонадон нишоту хуррамӣ ва рафоқату саодат эҳдо менамояд.
Ба хотири таҷлили пуршукӯҳи ҷашни хуҷастаи Наврӯзи оламафрӯз имрӯз, 21 март дар маркази ноҳия тантанаҳои наврӯзӣ оғоз гардиданд.
Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгароии моро ҳамроҳӣ мекунанд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:

