Рӯзи 6 апрели соли равон раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Хуросон сафари кори анҷом дода, аз хоҷагии деҳқонии “Бобои Хидир” боздид намуда, ба фаъолияти он шинос шуданд.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки масоҳати хоҷагӣ 46 гектар замин буда, дар майдони 0,40 сотиқ дар гармхона қулфинай парвариш кардааст, ки аз аввали мавсим то имрӯз наздики 5 тонна маҳсулот ба бозор баровардааст.
Инчунин, дар 20 гектар пунбадонаи зери плёнка кишт намуда, нашъунамои картошка ва пиёз дар ҳолати хуб қарор дорад.
Роҳбари хоҷагӣ Хидиров Бобошер буда, 40 нафар саҳмдор дар хоҷагӣ кор мекунад.
Ҳамзамон, раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии “Алишер”-и ноҳияи Хуросон ба кишти пунбадона оғоз бахшида, хоҷагидорону деҳқононро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ ва дорои сифати баландро кишт намоянд, зеро риояи қоидаҳои илман асосноки парвариш, заҳмати шабонарӯзӣ ва кишти тухмиҳои баландсифат заминагузори асосии фаровонҳосилӣ мебошад.
Аксҳо…
