Баҳри иҷрои барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини босифати аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо бо қувваи барқ, инчунин иҷрои саривақтии супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии нерӯи барқ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти Фахробод ва Ғаллаободи ноҳия бо аҳолӣ вохӯриҳо баргузор гардида истодааст.
Дар вохӯриҳои мазкур Суризода Носир – раиси ноҳияи Хуросон, Сайидамир Алӣ – прокурори ноҳияи Хуросон ва Искандарзода Муҳаммадшоҳ – сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуда, зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён хотиррасон намуданд, ки дар қонунгузории кишвар дар самти истифодаи ғайриқонунӣ, талаф ва дуздии нерӯи барқ ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст ва дар сурати вайрон намудани ин қонун аз ҷарима то маҳрум сохтан аз озодӣ таҳдид мекунад.
Аксҳо аз рафти вохӯриҳо:

