АЁДАТ ВА ТАБРИКОТИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Хабарҳо

Ба муносибати ҷашнгирии 80 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 сармутахассиси Раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сафарзода Дарвеш, раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир ва мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон – Меҳмондӯстзода Ҷумъахон ба аёдат ва табрикоти иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Ғафуров Мирзо рафтанд.

Намояндагон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро самимона табрик намуда, тӯҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 50000 сомонӣ тақдим намуданд.

Ҳамзамон, Ғафуров Мирзо аз аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба маблағи 10000 ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Ғафуров Мирзо аз тарафи Вазорати мудофиа бо медали 80 солагии “Рӯзи Ғалаба” сарфароз гардонида шуд.

Аксҳо аз рафти дидорбинӣ: