ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Хабарҳо

Пеш аз ҳама ин иқдом эҳтироми Роҳбари давлат ба насли ҷавони кишвар аст. Интихоби баргузории Рӯзи дави миллӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон низ бешак эҳтиром ба ин табақаи ҷомеа ва миллати ҷавони тоҷик аст. Он бо назардошти мусоид будани ҳаво дар ин шабу рӯзҳо ба назар гирифта шудааст. Яъне шурӯъ аз моҳи май – аз вақти баргузор намудани Дави миллӣ мардуми шарифи мамлакат иқдом мекунад, ки минбаъд ҳамарӯза бояд ба тарбияи ҷисмонӣ худ машғул гарданд.

Дар заминаи ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ноҳияи Хуросон бо иштироки қишри оммаи ҷомеа Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуда, ба ғолибони чорабинии варзишӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Аксҳо аз рафти чорабинӣ: