23 майи соли 2025, дар Кохи Хуросон бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” бо иштироки қишри ояндасози ҷомеа чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки ҳамасола дар саросари мамлакат 23 май “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад, ки нишонаи таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон ва эътирофи нақши муҳими онҳо дар пешрафти ҷомеа мебошад.
Дар рафти чорабинӣ ба ҷавононе, ки дар рушди ҷомеа ва пешбурди сиёсати имрӯзаи давлат саҳми босазо гузоштаанд, ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ ба 25 нафар хонандагони болаёқат стипендияи раиси ноҳия дода шуда, барномаи фарҳангӣ анчомбахши чорабинӣ гардид.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:


