АЗ ТАРТИБУ НИЗОМИ ДОХИЛӢ ТО КИШТИ ТАКРОРӢ

Хабарҳо

Имрӯз 3.07.2025 дар ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ вобаста ба тартибу низоми соҳибкорӣ, кишти такрорӣ, зироатҳои кишоварзӣ ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ситоди корӣ баргузор гардид.

Дар ситоди корӣ раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир иштирок ва суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки кишти такрори бояд ба тарзи дахлдор ба роҳ монда шуда, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ба ҳисоботҳои оморӣ ворид карда шаванд.

Ҳамзамон, ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки тартибу низоми фаъолияти соҳибкорон таҳлил карда шуда, савдои кучагӣ дар маркази ҷамоати мазкур аз байн бардошта шавад.

Аксҳо: