КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “МАҲАЛЛА БА МАҲАЛЛА”.

Хабарҳо

Рӯзи 10-уми июл, муовини раиси ноҳияи Хуросон – Турсунзода Дӯстмурод ва дигар ҳайати гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, тибқи нақшаи корӣ бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳалла ба маҳалла» дар ҷамоатҳои деҳоти Фахробод ва Ҳилолии ноҳия бо сокинон вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Аз мушоҳидаҳо маълум гашт, ки сокинони деҳа, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти сарфаю сариштакорӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин, захираи маҳсулоти ғизоӣ барои зимистон, сарфакорона истифодабарии қувваи барқ хеле хуб дарк намуда, баҳри некаҳволии худ чораандеши кардаанд.

Ҳамзамон оиди пешгири аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуб, пешгири аз бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона (сатру ҳиҷоб), пешгири аз ғарқшавӣ, пешгири аз бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: