Рӯзи 18 августи соли 2025 дар толори “Кохи Хуросон” бо иштироки раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.
Қайд гардид, ки бо мақсади арҷ гузоштан ба хизматҳои кормандони соҳаи тандурустӣ ва заҳмату талошҳои онҳо дар самти ташхису табобат ва пешгирии бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ ҳамасола 18 август аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамчун Рӯзи касбии табибон эълон гардидааст.
Барномаи фарҳангӣ идомабахши чорабинии имрӯза буда, кормандони соҳаи тиб, ки дар рушду нумӯи соҳаи мазкур саҳми арзанда гузоштаанд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳои раиси ноҳияи Хуросон қадрдонӣ карда шуданд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:


