3 сентябри соли равон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросон чорабинии фарҳангиву сиёсии “Шукӯҳи Истиқлол” бо тантана баргузор гардид.
Баргузории ин маҳфил бо ташаббуси худи ҷамоат ва раисони маҳаллаҳо роҳандозӣ шуд.
Дар ин шоми бошукӯҳ роҳбарият, масъулон, намояндагони сохторҳои гуногун ва теъдоди зиёди сокинон ширкат варзида, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ҷашни фарорасии солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд.
Бояд қайд кард, ки дар ин
фазои идона аз тарафи кормандони ҷамоат ва соҳибкорони ҳудудӣ 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат тӯйи хатнасур карда, тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд.
Аксҳо аз чорабинӣ:


