Имрӯз, 08.09.2025 сол, чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар Кохи Хуросон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали вазири адлия – Ҳакимзода Асадулло Қурбон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Аюбӣ Бибиосия Оймахмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезананд.
Ҳамзамон дар фарҷоми ҷаласа намояндгони қишри ҷомеаи гуногун бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси ноҳияи Хуросон кадрдонӣ карда шуданд.
Аксҳо аз рафти ҷаласа:


