ХУРОСОН: ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА 34 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Хабарҳо

Рӯзи 8 сетиябри соли 2025, бо иштироки раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳакимзода Асадулло Қурбон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода иншоотҳои ҷашни бахшида ба 34 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аз чумла бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ, маркази хизматрасонӣ, маҷмааи варзишӣ дар маркази Ҷамоати шаҳраки Хуррамшаҳр, маркази касбомузӣ барои чавондухтарон дар Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ва пули мошингард дар чамоати деҳоти Фахробод ба истифода дода шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки иншоотҳои зикргардида бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, саҳми соҳибкорон ва аҳли ҷомеа сохта шуда, иқдоми мазкур идома дорад.

Аксҳо: