ХУРОСОН: ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ 06870 Б ВА 07017.

Хабарҳо

Имрӯз 9.09.2025 сол, бахшида ба 34 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии 06870 Б ва 07017 чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Хуросон – Турсунзода Дӯстмурод Турсун иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар рафти чорабини бозиҳои варзишӣ ба роҳ монда шуда, ғолибон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон қадрдонӣ гардиданд.

Аз тарафи Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбозон хӯроки нисфирӯзӣ ташкил карда шуда, маводҳои ғизоӣ дастрас гардиданд.

Аксҳо: