ТАҶЛИЛИ 33 – СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ 16 – УМИ ШӮРОИ ОЛӢ ва РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

 Рӯзи 14 ноябри соли 2025 дар Кохи Хуросон бахшида ба 33-юмин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
        Дар маҷлиси тантанавӣ Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.
      Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа ба кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, ашхосе, ки дар фазилату иродаи сиёсию маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд, дар пайвастагии бевосита қарор дорад.
       Яке аз чунин шахсони таърихӣ ва бунёдгузори давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, техникию саноатии имрӯзаи кишвари маҳбубамон аз фаъолияти гуногунҷанбаи ин абармарди арсаи сиёсат ибтидо мегирад.
      Саҳми Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва шукуфоии ватани маҳбуб – Тоҷикистон бағоят бузург буда, номи ӯ дар баробари сарварони эътирофшудаи ҷаҳонӣ ва давлатмандони сатҳи байналмилалидошта қарор дорад.
     Чорабинии фарҳангӣ анҷомбахши чорабинии тантанавӣ гардид.