15 ноябри соли 2025 бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 33-юмин солагарди 16 – уми Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бо иштироки вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ашуриён Музаффар ва раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иншоотҳои ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Сурхқалъа бинои иловагии муассисаи таълими дорои 6 синфхона барои 300 нафар ҷои нишаст дар ду баст бунёд гардид.
Муассисаи мазкур бо ташшабуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми ҷомеа сохта шуда, шароити зарурӣ барои хонандагон ва омӯзгорон фароҳам оварда шуданд.
Ҳамзамон, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ дар деҳаи Бандари ҷамоати деҳоти Сурхқалъа маркази хизматрасонии замонавӣ бунёд гардид.




