ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ДАР НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 21 январ, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилоят баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯро, муовини раиси вилоят, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Нахуст котиби масъули Шӯро, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Чиллазода Шараф суханронӣ намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда тибқи нақшаи кории Шӯро барои соли 2025, дастрасии матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва саводнокии ҳуқуқии насли наврас нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти дигари давлатӣ, бахусус кормандони ВАО муҳим мебошад.
Мувофиқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро прокурори вилояти Хатлон Зоирзода Икром Оймаҳмад оид ба мавзуи “Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқии онҳо”, сардорони раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар Аваззода Шараф Тавар ва дар минтақаи Кӯлоб Аҳмадзода Музаффар Раҷаб дар мавзуи “Ташкил ва баргузории чорабиниҳо вобаста ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта”, сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилоят Ҳикматзода Иззатулло Ҳикмат дар мавзуи “Рафти гузаронидани чорабиниҳо дар самти пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои суиистеъмоли он” ва раиси суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин Ғаффор дар мавзуи “Ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо дар коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ вобаста ба баҳсҳои судии рӯзмарра” суханронӣ намуданд.
Сипас, нақшаи кории Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон барои соли 2026 ва нақшаи вобастнамоии аъзоёни Шӯро, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулин ба шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба тақвият бахшидан ба корҳои омодагӣ ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ тасдиқ гардиданд.
Аз тарафи раиси вилоят дастур дода шуд, ки бо ин мақсад бо аҳолӣ, алалхусус бо гурӯҳҳои осебпазир, ноболиғон, ҷавонон, муҳоҷирон, ходимони дин ва донишҷӯён дар мавзӯъҳои мухталифи ҳуқуқӣ вохӯриҳо бештар ба роҳ монда шавад.
Пас аз баррасии ҳисоботҳо, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар назди аъзои Шӯро вазифаҳо гузоштанд, ки оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, тақвият ёфтани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани тахассус ва масъулияти кормандони соҳаи маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои масъули тарбияи идеологӣ, омодагии ҳамаҷониба ба даъвати баҳорӣ, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, нашъамандӣ, инъикоси ҳаёти сарбозони Артиши миллӣ дар ВАО, тақвияти чорабиниҳои фардии “Хона ба хона”, дониши молиявии мардум, саводнокии иттилоотӣ ва ғайра тадбирҳои натиҷабахш андешанд
