ХУРОСОН: ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ДЕҲАИ САРБАНДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СУРХҚАЛЪА
Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Қарори раиси вилояти Хатлон аз 4 феврали соли 2026, № 24 “Дар бораи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2026” тантанаҳои наврӯзӣ “деҳа ба деҳа” баргузор гардида истодаанд.
Имрӯз, 25 – уми марти соли 2026 дар деҳаи Сарбанди ҷамоати деҳоти Сурхқалъа чорабиниҳои Наврӯзӣ баргузор гардиданд.
Дар чорабинии наврӯзӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ашуриён Музаффар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, аз рафти сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва иншоотҳое, ки дар арафаи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд, дидан карда шуд.
Аксҳо:


