ХУРОСОН: ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР БАНДАР

Хабарҳо

ХУРОСОН: ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР БАНДАР
Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат фазои идона ҳукмфармо буда, силсилаи чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ, варзишӣ ва сиёсӣ баргузор гардида истодаанд.
Имрӯз, 8-уми сентябри соли 2026 тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар деҳаи Бандари ҷамоати деҳоти Сурхқалъа чорабинии бо шукӯҳи идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Ашуриён Музаффар – вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо таҷлили як санаи муҳими таърихӣ, балки арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат, давлатдории миллӣ ва талошҳои созандаи халқи тоҷик дар роҳи бунёди Тоҷикистони пешрафта мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: