ХУРОСОН: ИДОМАИ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

ХУРОСОН: ИДОМАИ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар ноҳияи Хуросон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Аз рӯи нақша чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, аз тарафи корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Хуросон чорабинӣ доир гардид.
Дар таманниёти идонаи худ, Юсуфзода Мансур – роҳбари корхона ҳозиринро ба ҷашни бузурги миллии мо – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Қайд гардид, ки ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Барномаи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: