ХУРОСОН: ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Хабарҳо

ХУРОСОН: ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Субҳи имрӯз, 7 сентябр, дар ноҳияи Хуросон паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар гузашти низомӣ хизматчиёни қисми ҳарбии 06870 “Б”-и Фахробод, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот ширкат варзиданд.
Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон дар паради ҳарбӣ тамоми сокинони ноҳия, роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия файзу баракат, осоишу саодатмандӣ, барору комёбӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафти рӯзафзун таманно намуданд.
Зикр намуданд, ки дар даврони истиқлолият дар партави таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти олии сиёсии кишвар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба дастгирии қисми низомии ҳудуди ноҳия таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматӣ мунтазам чораандешӣ менамояд.
Аксҳо аз рафти паради ҳарбӣ: