“САД РАНГИ ЧАКАН”.

Бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг ва баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ имрӯз даври ноҳиявии фестивали умумиҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” доир гардид. Дар фестивал намоиши либосҳои қадимаи чакан, либосҳои кӯдакона, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, расмӣ пешниҳод карда шуданд. Аксҳо аз рафти чорабинӣ:

Бештар

ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ БА МАВСИМИ КИШТ ОМОДА АСТ.

Санаи 19 феврали соли 2025 зимни боздид аз намоиш ба муовини аввали раиси вилояти Хатлон – Мирзозода Музаффар, муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод вобаста ба омодагии техника ва мошинолот маълумоти муфассал пешниҳод гардида, таъкид шуд, ки дар ноҳия беш аз 100 адад техникаи кишоварзӣ ба қайд […]

Бештар

ПЕШГИРИИ ЗАҲРОЛУДШАВӢ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо прокуратураи ноҳия дар маҳалҳо бо ҷалби намояндагони ВАО, шахсони масъули мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъули ваколатдори ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани офатҳои техногенӣ дар фасли зимистон корҳои фаҳмондадиҳӣ, бобати эҳтиёткор будан дар мавриди истифодаи ангишту дигар маводи сӯхт дар манзилҳои истиқоматӣ, […]

Бештар

ПАЁМ САРЧАШМАИ МУВАФФАҚИЯТҲО

Бо дарназардошти иҷроиши саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола ироа намуданд, имрӯз дар ноҳияи Хуросон бо иштироки муовинони раиси ноҳия Турсунзода Дӯстмурод, Шарифзода Идигул, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Точикистон дар вилояти Хатлон – Кулобизода Комрон […]

Бештар

ДАР ОҒӮШИ ТАБИАТИ САБЗ

“Кишвари сабз” гуфта, мавзеъ дар назар дошта мешавад, ки дар он иқлими муътадил, боду ҳавои мусоид, табиати сабзпӯш мавҷуд буда, сокинонаш дар оғӯши табиати сабзи иборат аз гулзору дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан зиндагонӣ мекунанд. Дар ин маврид зисту зиндагонии мардум беҳтар гардида, сатҳи иҷтимоию иқтисодии онҳо ба таври назаррас баланд мешавад. Дар ин раванд имрӯз […]

Бештар

ПАЁМ ВА РУШДИ МАОРИФ

Тибқи Нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Хуросон дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо волидайни хонандагон ҷиҳати баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо усули “Мактаб ба мактаб” дар муассисаҳои таълимии ноҳия силисилаи вохӯриҳо доир гардида истодааст. Вохӯрии мазкур дар муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 23-и ноҳия бо иштироки муовини раиси […]

Бештар

ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ.

Рӯзи 12 феврали соли равон оид ба иҷрои Амри раиси вилояти Хатлон аз 6 феврали соли 2025, таҳти рақами 3 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаи низоми ягонаи давлатии ноҳияи Хуросон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ” бо иштироки Суризода Н.М. – раиси ноҳияи Хуросон, Маҳмадзода Ҷ […]

Бештар

“САРБОЗИ ШУҶОЪИ ВАТАН”

Таҳти унвони “Сарбози шуҷоъи Ватан” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон нақша – чорабиниҳо тасдиқ гардида, имрӯз бо иштироки Наимзода Гулчеҳра – намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Бобоева Сабагул – намояндаи бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, шуъбаҳои маориф, тандурустӣ, бахшҳои ҷавонон, фарҳанг ва фаъолзанони […]

Бештар

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Рӯзи 10-уми феврали дар ноҳияи Хуросон бо иштироки Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон, муовинон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар рафти нишаст рӯзноманигорони телевизион, радио ва матбуоти даврии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Суризода Носир оид ба натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 ба […]

Бештар

8 феврали соли ҷорӣ баҳри дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар ноҳияи Хуросон қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар рафти қабул масъалаҳои мухталифро баррасӣ намуданд. Раиси ноҳия ба роҳбарону мутассадиёни дахлдор дастур доданд, ки барои ҳалли мушкилиҳои муроҷиаткунандагон хулосаҳои ҳалшаванда андешанд. Аксҳо аз рафти қабул:

Бештар