ТАЪРИХЕ АЗ ҶАШНИ БОСТОНӢ ВА МИЛЛИИ ХАЛҚИ ТОҶИК “САДА”.

Хез то ҷашни сада барпо кунем, Расми аҷдодии худ эҳё кунем. Тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар ва қавми хушнуме аз табори ориёӣ буда, гузаштаи хеле дурахшону пурбореро доро ҳастанд. Суннату арзишҳои таърихии тамаддуни мо ба унвони такягоҳ ва пуштвонае дар тамоми зинаҳои илмию фарҳангӣ метавонад асаргузор бошад. Ба вижа ҷашнҳои бостонии наврӯзу меҳргон ва садаву тиргон, […]

Бештар

Паём-роҳнамои ояндаи дурахшон

Паём дастури амалест барои фаъолияти минбаъда ва роҳнамоест татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву созанда дар роҳи расидан ба мақсаду маромҳои нек мебошад. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 28.12.2023 тавассути телевизионҳои давлатӣ мустақиман пахш гардид ва тамоми кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо руҳияи болида ва […]

Бештар

24 НОЯБР – РӮЗИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

24-юми ноябри соли 2023 дар толори кохи Хуросони ноҳияи Хуросон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчам – Рамзи давлатдорист! “, бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсӣ, меҳмонон, собиқадорон ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Хуросон баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва ворид кардани Парчами давлатӣ ба толор оғоз гардид. […]

Бештар

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ АЗИЗАМОН МУБОРАК.ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ХУРОСОН

Имрӯз, 16 ноябри соли 2023 дар кохи Хуросон чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Гуфта шуд, ки дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр ба гиромидошти хизматҳои мондагори Сарвари муаззами давлат – меъмори сулҳу ваҳдат ва ҳомии Истиқлолу якпорчагии мамлакат, таҷлил мегардад, […]

Бештар

Табрикоти Раиси ноҳияи Хуросон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 6 ноябр

Конститутсияро шаҳодатномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар мешуморанд. Конститутсия иродаи мардуми Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуда, дар марҳилаи ниҳоят ҳасоси таърихи мамлакат бо талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок, қабул шудааст. 6 ноябри 1994 мардуми Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ, […]

Бештар

САФАРБАРКУНИИ ҶАВОНОНИ ИХТИЁРӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати гусел намудани ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони шоҳ Исмоили Сомонии ноҳияи Хуросон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар гусели даъватшавандагони ихтиёрӣ роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва падару модарони даъватшавандагон иштирок доштанд. Раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом Шамол  даъватшавандагонро ба муносибати ин […]

Бештар

32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ИҶШС (русӣ: СССР) соҳибистиқлол шуд. Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр — “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Иди Истиқлолият яке аз идҳои асосии расмии давлати Тоҷикистон аст. Боиси сарбаландист, ки рӯзи 9 – уми сентябри соли 2023 дар кохи […]

Бештар

“ОБ МАНБАИ ҲАЁТ” Зери чунин шиор барои бозҳам сарсабзу хуррам гардонидан маркази ноҳия шаҳраки Обикиик, аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва бо иштирок ва дастуру супоришҳои мӯҳтарам раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом Шамол пурра муҳарикҳоро омода намуда барои таъмин ва обёрии намудан дар ҳолати омодабош қарор дода шуд.

Бештар

Нишасти матбуотии раиси ноҳияи Хуросон

10 августи соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон нишасти матбуотии раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар нишаст намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳалӣ аз АМИТ «Ховар», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Сафо», “Рузномаи Хуросон”, […]

Бештар