ТАЛБАК РУСТАМОВ: Мардум аз амалҳои мо (ҲНИТ) хабар надоштанд

     (Мусоҳибаи мухбири мо бо собиқ раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ Талбак Рустамов, ки аз хориҷи кишвар ба Ватан баргашт)

     Акои Талбак, бозгашти Шуморо табрик мегӯям. Ба фикрам пеш аз ҳама зану фарзандон аз бозгашти Шумо хурсанданд… Муфассал…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам афсарону сарбозон!     Ҳозирини гиромӣ!

     Бисту панҷ сол боз муҳофизони Ватан, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва кулли мардуми кишвари азизамон ҳамасола рӯзи 23 февралро бо ҳисси ифтихор ва ҳуввияти ватандорӣ, бо дарки масъулияти бузург дар назди рӯҳи гузаштагони фарҳангпарвару тамаддунофар ва имрӯзиёну ояндагони ҷузъи ҷомеаи тараққихоҳи ҷаҳонӣ бо шукргузорӣ аз амри таърих ва сиёсати хирадмандонаи ояндасози давлату Ҳукумат бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд. Муфассал…

ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ШӮРОИ УЛАМО РОҶЕЪ БА ТАЪСИСИ «АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК» ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

     Бо таваҷҷуҳ ба хабари таъсис ёфтани як созмони нав бо унвони «Анҷумани озодандешони тоҷик» Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, вуҷуди чунин ниҳодеро, ки зери баёнияи он як гурӯҳ шахсиятҳои ба ном зиёӣ, аммо дар асл мубаллиғони афкору мулоҳизоти ба нафъи Тоҷикистони соҳибистиқлол мухолиф имзо гузоштаанд, намепазирад ва маҳкум мекунад. Нафароне, ки масъули ин ниҳод ҳастанд, барои мардуми кишвар бо нуқтаи назари «хос»-ашон шиносанд, онҳое, ки аз ягон далели пешрафт ва тараққии Тоҷикистон қаноатманд набуданд ва намешаванд. Хоссатан, Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки мудом ба сари давлату миллат борони туҳмату буҳтон мерезад.
Муфассал…

ЧАНД ҒУЛОМ НАМЕТАВОНАНД «АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОН» ТАЪСИС НАМОЯНД

     Чанд ғулом наметавонанд «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд:ё чӣ гуна наҳзатиҳо «аз беамакӣ харро амак гуфтаанд»?

     Рӯзи гузашта расонаҳои наҳзатӣ эълон намуданд, ки гӯё «гурӯҳе аз шахсиятҳои сиёсии тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд», созмонеро бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис намудаанд. Муфассал…

ТИРАГИИ АҚЛ ВА ТАВЛИДИ ЗУҲУРОТҲОИ НАНГИН

Миёни мо ҳаме кина набояд,

Ки кин бо дӯстон неку наояд.                 Фахриддини Гургонӣ

     Таассурот оид ба навиштаи  «Пайвандони Ҳайдар Қосимов: «Қатли Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ҳалқае дар занҷири кушторҳои чеҳраҳои саршинос аз ҷониби наҳзатиҳост».Ҷумҳурият, 14-ноябри соли 2017. № 232.

     Одамон давоми солҳои  сипаришуда оиди инқилобҳо ва таърихи давлатҳои гуногун маълумотҳои зиёде гирифта бо раванд  ва сабабҳои бавуҷудоии давлатҳо, аз байн рафтани онҳо, бо қувваҳои ҳаракатдиҳанда, равандҳои таъсиррасонандаи хориҷӣ, буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ, сабабу натиҷаҳои корҳои ба сомон расонида ошноӣ пайдо намудаанд. Муфассал…

ҚИССАИ ЯК АСИРИ НАҲЗАТ

     ПЕШГУФТОР:

     Ҳаркӣ н-омӯхт аз гузашти рузгор,

     Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор…

     Аз ҳама даҳшаттарин барои инсон он аст, агар ӯ аз таҷрибаи талхи худ ибрат нагираду, пайи ислоҳи он нашавад… Сад афсӯс, ки баъд аз ҳазорон фитнаву дасисабозиҳо, хунрезиҳо, наҳсигариҳо, сухтану бохтанҳо то ҳол намояндагони беимони наҳзатӣ аз «даъвати ҷанг» даст намекашанд.  Бале, «даъват ба ҷанг». Зеро, ибтидо аз соли 1990 ин неоисломистҳои тоҷик анбуҳи мардуми бечораро ба майдонҳои пойтахт  кашола карда, даъват ба амал меоварданд, ки «Ҳукуматро сарнагун кунед», «ин идораву фалон вазоратро ғасб кунед», «Фалониро гаравгон гиред», «Тир холӣ кунед, малоикаҳо он тирро ба қалби кофир мезананд» ва ғайраву ва ҳоказо… Дар ин байн, 27 сол гузашт… То ҳол, чун эстафетаи «аз даст ба даст», ҳамин гуна даъватҳо идома доранд. Ҳамон гуфтаҳо, ҳамон стратегия, хамон идеология, ҳамон муқовимат, танҳо чеҳраҳои дигар. Яъне, аз С.А.Нурӣ ба Ҳимматзода, аз Ҳимматзода ба Эшони Қиёмиддини ғозӣ, аз ин ба Алӣ, аз Алӣ ба Валӣ… ва инак расидем ба «амри маъруф»-ҳои Муҳиддин Кабирӣ.. Муфассал…

ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ ҲАР ЯК СОКИНИ НОҲИЯ

     Баҳри амалӣ гардидани супоришу дастурҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия аз шароити мусоиди обу ҳавои имсола истифода бурда, ба ободонии гирду атрофи корхона ва маркази ноҳия камари ҳиммат бастанд.

     Бо супориши раиси ноҳия муҳтарам Сафарзода Раҳматулло дар ду тарафи шоҳроҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа, ки аз маркази шаҳраки Обикиик мегузарад, шинонидани дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо оғоз гардид. Муфассал…

1:0 ДАР “ҶАНГ”-И ҲУКУМАТ БО ОППОЗИТСИЯ

     Бисёриҳо ҷудоии афтода дар байни гурӯҳҳои оппозитсияи тоҷик, аз ҷумла қатъи ҳамкории “Гуруҳи 24” бо ҲНИТ-ро комёбии мақомоти амниятии Тоҷикистон дар амри хунсо кардани хатари мухолифин ба ҳукумат мешуморанд. ҲНИТ, ки дар байни оппозитсия ҳам танҳо мондааст, ҳамчунон ҳадафи рақами як дар “ҷанг”-и Душанбе бо мухолифонаш боқӣ мемонад.

     Қатъи ҳамкории ду ташаккули умдаи мухолифини тоҷик – “Гуруҳи 24” бо ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки рӯзи 20 январ эълон шуд, нафақат ихтилофоти мавҷуда дар байни мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистонро рӯи об баровард, балки талошҳои анҷомшуда барои сохтани Иттиҳоди нави нирӯҳои оппозиюни тоҷик, ё ба истилоҳ тарҳи ИНОТ-2-ро низ амалан барбод дод ва ҲНИТ-ро дар танҳоӣ гузошт. Ҳадди ақал дар марҳалаи кунунӣ.

Муфассал…

СУЛТОН ҲАМАД – ДУЗДИ ХОНАИ ХУД

     Мусоҳибаи хабарнигори мустақил Суҳроби Низом бо Сталина Юлдошева ва Эмомназар Тошматов – кормандони собиқи мақомоти амнияти миллии кишвар дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

     – Шумо дар замони бисёр ҳассоси таърихӣ, яъне дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар мақомоти амният кор кардаед. Мегуфтед, ки фаъолият дар мақомот ҳангоми муқовиматҳои сиёсӣ бароятон осону бехатар буд? Муфассал…

«ФАТВО»-И ҲНИТ: СИҒА КУН, ЗИНО НАМЕШАВАД!

     Ҳар қадар ки  ба воқеоти даҳшатбори ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта наздик шавем  ва онҳоро  омӯзишу таҳлил кунем,  ҳамон қадар омилу сабабҳои ҳанӯз норавшани  он даргириҳо кушода мешавад.  Фикр мекунам ошкор намудани  ҳамаи  амовили  воқеоту ҳодисоти  онвақта  барои имрӯзу фардои  миллати тоҷик ва тамоми тоҷикистониён  хеле  зарур ва таҷрибаи ҳаматарафа омӯхтанист. Иттилооте, ки  тавассути васоити ахбори омма, шабакаю расонаҳои  гуногун мегирем,  андешаҳои  муҳиму заруриеро  дар ниҳоди инсон  ба вуҷуд меоранд  ва  водор месозанд, ки  боз  онҳоро  дар тарозуи ақл баркашида, хулосаҳо барорем, то сабақҳои талхи таърихи начандон дурамон  дигар ҳеҷ гоҳ  такрор нашаванд. Муфассал…